Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санхати Тоҷикистон 





ГАЗЕТА

Муфассал...



НАВИДҲО


Сухани  ифтитоҳӣ ба  муносибати 45-солагии фаъолияти
илмӣ-омӯзгории  профессор Амиров Р.А.

   Профессор Амиров Р.А. аз зумраи он шахсиятҳое ба шумор мераванд, ки дар татбиқи сиёсати фарҳангии сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ саҳми арзандаи худро гузоштааст. Ин амалро ӯ замони ба фаъолияти дилписанди меҳнатӣ оғоз карданаш, дар вазифаҳои гуногуни давлатии ба зимма гузошташудааш иҷро намуда, имрӯз низ онро бурдборона идома медиҳанд.                                                                                                                               

   Чунин ҷаҳду талошҳои пайвастаи профессор Р.Амиров аз он маншаъ мегирад, ки дар фаъолияташ ҳунар ҳамчун пешаи пурифтихор волотарин ҷойгаҳро дорад. Аз ин рӯ, мулоҳизаю посухҳои ӯ ба масоили соҳавӣ ҳамеша санҷидакоронаю нишонрас ба ҳадаф мебошанд ва атрофиён онро бо камоли майл пайваста эътироф менамоянд. Чунин сифатҳои беолоиши инсонию роҳбарӣ дар ин муддат ба эшон имкон доданд, ки дар соҳаҳои фаъолияти ба зимма гузошташудаашон  пайваста ба масоили ҷойдошта аз манзари диди тоза  нигариста,  ба пешрафти беназири ин соҳаҳо мусоидат намоянд. Аз таҳлили самараи фаъолияташон дар вазифаҳои декани факултет, ректори ДДФСТ, ҷонишини аввали вазир, баъдан вазири фарҳанги ҶТ ба саҳеҳияти чунин арзёбӣ итминон ҳосил кардан мумкин аст. Тазаккур бояд дод, ки ин амалро эшон имрӯзҳо низ ба сифати ноиби ректор бо ҷаҳду талошҳои писандида идома медиҳанд. Хусусан ҳидоятҳои ӯ аз устодони донишкада барои пешбурди фаъолияти илмӣ ҷонибдории самимиро пайдо намудааст ва имрӯз маҷаллаю рӯзномаҳои донишкада бидуни таъхир ба нашр мерасанд. Маҳз самараи чунин ибтикорот имконият фароҳам овард, ки маҷаллаи «Фарҳанг ва санъат» аз ҷониби КОА-и назди Президенти ҶТ ба рӯйхати нашрияҳои эътиборнок ворид гардад.


   2019-05-02      Муфассал...

РАҶАБМАД  АМИРОВ

   Соли 1974 Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода (ҳоло Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода) - ро хатм намудааст. Соли 1977 хизмати ҳарбиро дар артиши Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷумҳурии Демократии Олмон адо намудааст. Солҳои 1977- 1979  муаллими кафедраи фарҳангу маърифати донишкадаи мазкур буд.  Солҳои 1979 ба аспирантураи Институти давлатии фарҳанги шаҳри Ленинград ба номи Н. К. Крупская дохил гардида, онро  соли 1982 бомувафаққият анҷом дод. Соли 1983 рисолаи номзадиро дар соҳаи фарҳангшиносӣ дар мавзӯи “Роҳбарии педагогӣ ба шаклҳои ғайриклубии эҷодиёти бадеии халқ” дифоъ намудааст. 

   Солҳои 1983 -1989 декани факултети маданию маърифатӣ, 1989 - 1990 ноиби ректор оид ба илм, 1990-2001 ректори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода буд.


   2019-05-02      Муфассал...

Шоири миллӣ  --  маънои таърихи муосири ватанӣ
(ба муносибати зодрӯзи устод Мирзо Турсунзода)

   Дар ҳама давру замон шахсиятҳои бузурги илму адаб ба сони оташафрӯз масири зиидагии миллати худро равшан карда, ҷомаеро ба сӯйи хушбахтию саодат ҳидоят намудаанд. Махсусан, шоирон, ки ҳассостарин инсонҳои башаранд, роҳи муваффақияту комёбии миллату мардумро ҳамвор карда, баҳри рафъи мушкилоти мардумӣ аз тариқи шеъру сухан роҳҳалҳою роҳкорҳои муассир манзур намудаанд. Ин навъ инсонҳои бузург, ки бемуҳобо, дар таърих насли миллатсоз ва маънои таърих унвон шудаанд, бо тамоми вуҷуд ба башар хидмат кардаанд.

   Мусаллам аст, ки дар муҳит ва фазои тоҷикӣ аз қадимулайём шеър ва мусиқӣ дар баданаҳои иҷтимоӣ реша давонда, ба сифати муҳаррики зиндагии инсонӣ воқеиятҳои рӯзгорро бозгӯ кардаанд. Аз ин ҷост, ки шеър ба унвони неруи тарбиятӣ ва қувваи ҳувиятӣ аз дер боз дар сохтусози инсон ва ҷомеа саҳми асосӣ доштааст. Беҳуда нест, ки ҳакими маъруфи чинӣ Конфутсий ҳанӯз асрҳо қабл ин масъаларо пайгирӣ намуда, бунёди тарбиятро ба ҳунар, шеър, ойинҳо ва мусиқӣ марбут дониста, гуфта буд: «Шеър ба гунаи як неруи ахлоқӣ табиати моро дигаргун мекунад ва ҳисси ахлоқро ба мо илҳом мебахшад. Маниши мо аз шеър парварда шуда, бо ойинҳо бунёд гирифта, бо мусиқӣ комил мешавад» (ниг.: Чай Чу, Винберг Чай. Таърихи фалсафаи Чин.-Теҳрон, 1369.-С.56). Ба ин мазмун адабиёт ва шеър дар пайвандӣ бо ҳикмату фалсафа ҷавҳари фарҳанги миллии тоҷикиро дар тӯли таърихи ватанӣ ташкил додаанд. Аз Ҷамшеду Зардушту Монию Маздак то ба устод Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Аҳмади Дониш, Айнӣ, Сотим Улуғзода, Мирзо Турсунзода, Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ ва соири адибону шоирони миллӣ ҳамагӣ тавассути ин неруи ҳувиятӣ (шеъру сухан) ба миллат ва мардум бедареғ хидмат кардаанд.


   2019-05-02      Муфассал...

84 нафар шаҳрвандони ноболиғи Тоҷикистон бо дастури бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Ироқ ба Ватан баргардонида шуданд

   Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳарчи зудтар ба Ватан баргардонидани ҳамаи кудакон ва ноболиғон – шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳамроҳ бо волидон ва оилаҳои гумроҳшудаи худ ҷиҳати пайвастан ба сафи ДИИШ ва дигар нерӯҳои террористию экстремистӣ вориди сарзамини Ироқ шудаанд, мавриди пайгирии ҷиддии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт қарор дорад.

   Дар натиҷа муайян карда шуд, ки дар маҳбасҳо, зиндонҳо, боздоштгоҳҳо  ва марказҳои  нигаҳдории ноболиғон дар Ироқ 43 нафар зан ва 95 нафар тифл аз шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доранд ва дар миёни онҳо тифлони хурдсоле низ ҳастанд, ки дар ин кишвари арабӣ таваллуд шудаанд.


   2019-05-01      Муфассал...

КОНСЕРТИ СИНФӢ - РОҲ БА СӮИ САҲНАҲОИ КАЛОНИ КОНСЕРТӢ

   Имрӯз дар синфхонаи № 10-и  Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода консерти синфии омӯзгори кафедраи фортепиано ва гузориши овоз Дилбар Шарипова бо донишҷӯёни курси 3-юми шуъбаи ғоибонаи мусиқӣ- омӯзгорӣ баргузор гардид.

    Ин консерти синфӣ дар шуъбаи ғоибона, дар нимсолаи дуюми соли таҳсил, нахустин буда, аз муваффақияти кори омӯзгор Д. Шарипова  дар самти тарбияи мутахассисони касбии соҳавӣ шаҳодат медиҳад. Дар консерти синфӣ Б. Нарзуллоев- ноиби ректор оид ба  корҳои эҷодӣ, С. Қурбонов- раиси Шӯрои бадеии донишкада, Ф. Мирахмедов- мудири шуъбаи ғоибона ва таҳсилоти фосилавӣ, профессор, омӯзгорони кафедраҳои эҷодии факултаҳои мусиқӣ –омӯзгорӣ, санъати мусиқии мардумӣ ва донишҷӯён иштирок доштанд.


   2019-05-01      Муфассал...



ЭЪЛОНҲО




ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс



МАҶАЛЛА

Муфассал...



ҲАМКОРҲО