Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санхати Тоҷикистон 





ГАЗЕТА

Муфассал...



НАВИДҲО


МЕҲРОБҶОНИ ЛУТФУЛЛО ВА  ФАРЗОНА МЕЛИКОВА
Бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ   қадрдонӣ шуданд

   Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,  6 майи   соли равон,  Фестивал-озмуни фарҳангии донишҷӯён  таҳти унвони “Истеъдод”   миёни донишҷӯёни   муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва касбии  шаҳри  Душанбе    ҷамъбаст  гардид.

   Дар маросими ҷамъбасти фестивали мазкур муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Дилнозаи Даврон, ноибони ректорҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ оид ба тарбия, мудирони шуъбаҳои фарҳанг ва кор бо ҷавонон иштирок доштанд.


   2019-05-08      Муфассал...

ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ ШАШМАҚОМ
Дар ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода

   Ҳар сол дар саросари мамлакат ба ифтихори Рӯзи Шашмақом (12-уми май) чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ гузаронда мешаванд. Чунин як чорабинии ҳунарӣ имрӯз дар толори «Арғунун» -и Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бахшида ба Рӯзи Шашмақом консерти Ансамбли шашмақомсароёни донишкада  таҳти роҳбарии Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, омӯзгори калон  Зоиршо Ҳайдаров баргузор гардид. Дар консерт раёсати донишкада, профессорон, омӯзгорону донишҷӯён ва меҳмонон иштирок карданд. Ғазалҳо аз ашъори баландмазмуни шоирони  классику муосири тоҷик -  Соиб,  Саъдӣ, Ҳофиз, Туғрал, Дабири Ҳисорӣ бо оҳанги классикӣ дар барномаи ҳунарӣ садо доданд.

   Маврид ба зикр аст, ки  жанри Шашмақом дар санъати мусиқӣ таърихи куҳан дошта, таҳқиқотчиён пайдоиши онро ба асрҳои III-VII мелодӣ  нисбат медиҳанд. Бо гузашти  вақт  анъанаи хондани он то имрӯз аз насл ба насл  идома ёфта, дар камолоти ҳунари шашмақомсароӣ қарор дорад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ  бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  соли 2000 мусиқии Шашмақом ба мақоми куҳантарин сабкҳои  мусиқӣ ва дар соли 2003 бо пешниҳоди муштараки  сарони давлатҳои ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба  феҳристи фарҳанги  ғайримоддии шоҳасарҳои  созмони байналмилалии ЮНЕСКО ворид карда шудааст.


   2019-05-07      Муфассал...

Турсунзода ва замон
(Гузориш аз семинари илмӣ–адабӣ бахшида ба  108-солагии Қахрамони Тоҷикистон Мирзо Турунзода)

   Шоир, мутафаккир, ходими намоёни сиёсӣ, Қаҳрамони  Тоҷикистон, устод Мирзо  Турсунзода  2 майи  соли 1911 дар  деҳаи Қаратоғ ба  дунё омадааст. Ашъори ин  шоири бузургро тамоми  ашхос мешиносанд, чунки  ин марди бузург бо   навиштани шеъру  достонҳо  дар дили  ҳамагонҷой гирифта буд. Ӯ  тавонист  бо  истеъдоди   волои  худ халқи тоҷикро ба оламиён   муаррифи намояд  ва сулҳро  дар ин  кишвар пойдор кунад. Ӯ  аз меҳри  зиёд доштан нисбат  ба Ватан    дар ҳама шеърҳояш   ватанро чунон васф  кардааст, ки   ҳар  як шахси ватандӯстро  лозим меояд, кулли  ашъори онро  мутолиа  кунанд. Воқеан  ҳам, ҳангоми мутолиаи  ашъори шоир   ҳисси ватандустиву  хештаншиносӣ дар қалби  ҳар яки мо   ҷӯш мезанад.


   2019-05-03      Муфассал...

ЯК УМР ДАР ХИЗМАТИ ФАРҲАНГ
Маҳфили илмӣ-фарҳангии “Нури маърифат”

   Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, 2 майи соли равон,  дар толори «Арғунун» - и донишкада бахшида ба 45- солагии фаъолияти ходими давлатӣ, Арбоби ҳунари Тоҷикистон, дорандаи ордени Исмоили Сомонӣ, дараҷаи 2, узви вобастаи Академияи байналмилалии иттилоот, номзади илмҳои педагогӣ, профессор Раҷабмад Амиров таҳти унвони «Нури маърифат»  маҳфили илмӣ- фарҳангӣ баргузор гардид.


   2019-05-03      Муфассал...

МАҲБУБИ ДИЛҲО. Турсунзода нахустин шоири муосири тоҷик буд, ки деворҳои танги маҳаллиро шикаста, ба адабиёти ҷаҳонӣ роҳ ёфт

ДУШАНБЕ, 02.05.2019 /АМИТ «Ховар»/.Имрӯз ба зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода 108 сол пур мешавад. Барои хизматҳои бузурги адибию ҷамъиятӣ устод соли 1967 сазовори унвони олии Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, соли 2001 (пас аз марг) шарафёби унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон гардидааст.

Бахшида ба солрӯзи ин устоди бузург нависанда Карим МӮСО   хотироташро ба АМИТ «Ховар» ирсол намудааст, ки онро манзури хонандагон мегардонем:


   2019-05-02      Муфассал...



ЭЪЛОНҲО




ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс



МАҶАЛЛА

Муфассал...



ҲАМКОРҲО