Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санхати Тоҷикистон 





ГАЗЕТА

Муфассал...





НАВИДҲО


КОХИ БУЗУРГИ НУР

Равшанию гармии он ба хонадони тоҷикистониён ворид гардид

Маросими ба кор оғоз кардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии«Роғун» -ро, ки 16 ноябр мустақиман тавассути ҳамаи шабакаҳои давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон пахш гардид, сокинони мамлакат бо рӯҳи болида ва ифтихор аз ватану ватандорӣ тамошо ва гӯш карданд. Ин рӯйдоди муҳими таърихиро ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёну кормандони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода низ дар толори консертии «Арғунун» - и донишкада тавассути монитори калон тамошо карда, бо шодмонӣ кафкӯбӣ мекарданд. Дар ин рӯзи муборак донишкада фазои идона дошт. Ҳама бо либосҳои идона, чеҳраҳои шукуфта ва лабони пур аз табассум якдигарро бо ин рӯзи фирӯз табрику муборакбод менамуданд.

   2018-11-17      Муфассал...

БОЗ ЯК РӮЙДОДИ МУҲИМИ ТАЪРИХӢ

Дар  Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуқӯъ мепайвандад

   16 ноябри соли равон дар таърихи давлатдории миллати тоҷик боз як саҳифаи наве бо номи ба кор даровардани агрегати якуми НБО - и  «Роғун» бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳарфҳои заррин навишта хоҳад шуд.

    Вобаста ба ин рӯзи таърихӣ дар толори «Арғунун» - и Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Конференсияи илмӣ - назариявии устодону донишҷӯёни донишкада бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба кор даровардани агрегати якуми НБО - и «Роғун» баргузор гардид.


   2018-11-14      Муфассал...

НБО-И РОҒУН

16 ноябр агрегати якуми ин иншооти аср ба кор медарояд

Ҳамаи дастовардҳои мо дар самти рушди соҳаи энергетика ва умуман, дар ҳама соҳаҳои ҳаёт маҳз самараи истиқлолият мебошанд ва миллати тоҷик дар фазои ваҳдату ягонагӣ ва оромиву субот ҳар рӯз дар самти расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ қадамҳои устувор мегузорад

Эмомалӣ РАҲМОН


   2018-11-14      Муфассал...

СЕ ЧОРАБИНИИ МУҲИМИ СИЁСИЮ ФАРҲАНГӢ

Моро дар пеш аст

Ҳар санаи муҳими тақдирсозу хотирмон дар ҷумҳуриамон дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ ҷашн гирифта мешавад, ки ин нишони ташаббусҳои дастаҷамъонаи халқи тоҷик дар асоси сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад. Ташкили чорабиниҳо дар асоси ҷалби наврасону ҷавонон ва оммавӣ ҷашн гирифтани рӯзҳои таърихӣ, ки   ҳамасола дар кишвар бо ташрифи меҳмонҳои олиқадр аз давлатҳои ба мо дӯсту бародар, гувоҳӣ аз он медиҳад, ки  вақеан Тоҷикистон  давлати сохибистиқлол, демократӣ, хуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона  аст.


   2018-11-14      Муфассал...

ДАР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Агрегати якуми НБО-и “Роғун” ба кор медарояд

13 ноябри соли равон дар толори «Арғунун»-и Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Конференсияи илмӣ - назариявии утодону донишҷӯёни донишкада бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба кор даровардани агрегати якуми НБО-и “Роғун” баргузор гашт.

    Конфренсия бо пахши навори филми ҳуҷҷатӣ таҳти унвони “Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар сохтмони НБО-и “Роғун” оғоз гардид. Баъдан, ректори донишкада профессор Хайриддин Идиев сухани ифтитоҳӣ намуда, иброз доштанд, ки 16 ноябр бо иштироки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустагрегати ин иншооти муҳими аср ба кор медарояд ва барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ дар кишвар қадами ниҳоӣ гузошта хоҳад шуд.


   2018-11-13      Муфассал...



ЭЪЛОНҲО




ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс



МАҶАЛЛА

Муфассал...